Ба қарибӣ дар тамоми мамлакат мавсими ҳаштуми лигаи футболи ҳавлигӣ «TCELL – Футбол ба назди шумо меояд» шурӯъ мешавад. Барномаи мазкур ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.
Лигаи футболи ҳавлигӣ дар тӯли ҳафт сол шумораи зиёди кӯдаконро ба футбол ҷалб кард. Дар лоиҳа кӯдакони аз 6 то 12-сола ширкат варзиданд. Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа бедор кардани муҳаббати кӯдакон ба футбол ва тарзи ҳаёти солим, риоя намудани вежагиҳои бунёдии футболи ҳаваскоронаи ҳавлигӣ, лаззат бардоштан аз худи бозӣ ва дастрасӣ он барои ҳамаи кӯдакону наврасон мебошад.
Тибқи низомномаи барномаи «Футбол ба назди шумо меояд» он дар ду марҳила дар тамоми минтақаҳои кишвар доир мешавад. Дар марҳилаи аввал шумораи дастаҳои иштирокчӣ маҳдуд нест. Ба марҳилаи ниҳоӣ бошад 16 дастаи беҳтарин дар чор сину сол роҳхат мегиранд.
Марҳилаи ниҳоӣ дар як вақт дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва дар қароргоҳи Академияи футболи ФФТ дар Алмосӣ баргузор хоҳад шуд.