Машқҳои дастаҷамъӣ дар арафаи анҷомёбиянд: тими миллии Тоҷикистон барои бозӣ бо Филиппин омодагӣ мебинад – Федерация Футбола Таджикистана

Машқҳои дастаҷамъӣ дар арафаи анҷомёбиянд: тими миллии Тоҷикистон барои бозӣ бо Филиппин омодагӣ мебинад

Тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Горан Стеванович омодагиро барои бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили яккачини Филиппин идома медиҳад.

Тамринҳои дастаи мо ба нуқтаи ниҳоӣ наздик мешаванд, чунки то бозии ҳалкунанда ҳамагӣ се рӯз боқӣ мондааст. Бозигарон машқҳои пуршиддат анҷом дода, ба тактика, ҳамоҳангсозии хатҳо ва ҳолатҳои стандартӣ бештар тамаркуз мекунанд.

Фазои корӣ дар дастаи миллӣ ҳукмфармост – бозигарон аҳамияти бозии дарпешистодаро дарк мекунанд ва барои натиҷаи мусбат ба майдон мебароянд.

Назари худро бинависед