Марко Раҷини – сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) – Федерация Футбола Таджикистана

Марко Раҷини – сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17)

Мутахассиси 56-солаи итолиёвӣ Марко Раҷини сармураббии нави мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таъйин шуд. Таҳти роҳбарии ӯ мунтахаби наврасони кишвар ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, омодагӣ мегирад.

Марко Раҷини – мураббии футболи итолиёвӣ ва сан-мариногӣ. Ӯ фаъолияти мураббигии худро дар Сан-Марино оғоз кардааст. Тӯли солҳои зиёд Раҷини ба ситоди мураббиёни мунтахабҳои наврасон, ҷавонон ва дастаи асосии Сан-Марино дохил буд. Вай чанд сол дар Швейтсария кор карда, онҷо ёвари сармураббии «Киассо» ва «Беллинтсон» буд ва инчунин мустақилона тими «Локарно»-ро роҳбарӣ кардааст. Ҳамчунин дар дастаҳои футболи Литва, Конго, Нигерия, Муғулистон ва Малайзия таҷрибаи корӣ дорад.

Аз соли гузашта Марко Раҷин ба ҳайси директори техникии Академияи «Ювентус» дар Душанбе ва мушовири раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон адои вазифа мекунад.

Назари худро бинависед