Марко Раҷини: «Дар Ҷоми Осиё-2025 бо ҳарифони қавӣ рӯ ба рӯ мешавем» – Федерация Футбола Таджикистана

Марко Раҷини: «Дар Ҷоми Осиё-2025 бо ҳарифони қавӣ рӯ ба рӯ мешавем»

Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини натиҷаи маросими қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025-ро шарҳ дод. Рақибони тими мо дар гурӯҳи «D» дастаҳои Эрон, Уммон ва Кореяи Шимолӣ хоҳанд буд.

«Мо маросими қуръакаширо якҷоя тамошо кардем. Шомили гурӯҳи қавие гардидем. Дар марҳилаи интихобӣ дар Сингапур бо дастаи Уммон бозӣ карда будем. Мунтахаби хуб аст. Дастаи Эрон барои мо ба хубӣ ошно мебошад, чунки дар мусобиқаҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ чандин маротиба бо ҳам вохӯрдаем. Ва бозиҳои мо ҳамеша бениҳоят душвор мегузаштанд. Дар мавриди мунтахаби Кореяи Шимолӣ – ин даста дар марҳилаи интихобӣ дар як гурӯҳ бо Эрон бозӣ карда, бо ҳисоби 4:1 пирӯз шудааст. Инчунин метавонам Кореяи Шимолиро аз рӯйи баромади дастаи ҷавононашон дар марҳилаи интихобӣ дар Душанбе баҳо диҳам. Кореяи Шимолӣ дастаҳои аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва тактикӣ хуб омодашуда дорад. Ҳамин тавр, дар Арабистони Саудӣ мо бо дастаҳои қавӣ рақобатҳои хеле душвор хоҳем дошт. Ман ба даста ва бозигарон боварӣ дорам, боварӣ дорам, ки мо дар Ҷоми Осиё-2025 ба мақсадҳои худ мерасем», – иброз намуд, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини.

Назари худро бинависед