«Самандар»-и турсунзода, ки марҳилаи аввали Лигаи касбии футзали Тоҷикистонро дар зинаи охирони ҷадвали мусобиқа ҷамъбаст намуд, ғайричашмдошт дар бозии якуми плей-офф барои баромадан ба бозиҳои ниманиҳоӣ бар “Муҳоҷир”-и пойтахт пирӯзӣ ёфт.
Голи ягона ва ғолибияти дастаи “Самандар”-ро Фирдавс Тусматов зад. Бозии дуюм байни “Самандар” ва “Муҳоҷир” рӯзи сешанбеи 22 сентябр, соати 16:00 дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ баргузор мешавад.
Ёдрас мешавем, ки ду дастаи пешсафи марҳилаи якуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон «Соро компания»-и Душанбе ва «Сипар»-и Хуҷанд ба бозиҳои ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.
Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020
Плей-офф
«Муҳоҷир» – «Самандар» – 0:1
Гол: Фирдавс Тусматов, 24.
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Манучеҳр Солеҳов («Самандар»).
Ҳисоб дар серия – 0:1.
«Истаравшан» – «Равшан» – 5:0
Ҳисоб дар серия – 1:0.