ЛФТ дар Душанбе семинар доир ба масъалаҳои литсензиякунонии дастаҳо дар мавсими-2026-ро ташкил кард – Федерация Футбола Таджикистана

ЛФТ дар Душанбе семинар доир ба масъалаҳои литсензиякунонии дастаҳо дар мавсими-2026-ро ташкил кард

Дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе семинар оид ба литсензиякунонии дастаҳо дар мавсими 2026-и Лигаи олии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев, сардори шуъбаи баргузории мусобиқаҳои ЛФТ Сӯҳроб Ҳамидов ва роҳбари шуъбаи литсензиякунонии дастаҳои ЛФТ Усмон Бурҳонов иштирок карданд.

Семинар дар фазои муколамаи созанда баргузор шуда, намояндагони дастаҳо масъалаҳои ҷории вобаста ба раванди литсензиякунонӣ дар мавсими 2026, инчунин стандартҳои навшудаи системаи CLAS (Club Licensing Administration System)-ро пурсон шуданд.

Тавре ки дар семинар қайд карда шуд, барои иштирок дар мусобиқаҳои КФО дар мавсими оянда, дастаҳои Тоҷикистон бояд ба ҳама меъёрҳо ва талаботи қоидаҳои литсензиякунонӣ, аз ҷумла стандартҳои ҳатмӣ дар соҳаҳои варзиш, инфрасохтор, кадрӣ, маъмурӣ, ҳуқуқӣ ва молиявӣ ҷавобгӯ бошанд.

Ғайр аз ин, интегрити-офитсери ФФТ Фаридун Аттоев, ки масъули мубориза бо бозиҳои шартӣ аст, дар бораи таъмини бозии одилона маърӯза пешниҳод кард. Дар гузориши худ, ӯ механизмҳои муайян ва пешгирии бозиҳои шартӣ, инчунин чораҳоеро, ки Федератсия барои баланд бардоштани шаффофият ва эътимод ба футбол андешидааст, муфассал шарҳ дод. Таваҷҷӯҳи махсус ба зарурати баланд бардоштани огоҳии бозигарон, мураббиён ва шахсони расмӣ дар бораи оқибатҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии иштирок дар чунин қонуншиканиҳо зоҳир карда шуданд.

Назари худро бинависед