Конфедератсияи футболи Осиё дархости Федератсияи футболи Тоҷикистонро барои узвият ба Конвенсияи мураббигии КФО дар сатҳи Pro Level тасдиқ кард.
Гирифтани мақоми «Pro» ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳад, ки дар кишвар курсҳои мураббигии ҳама категорияҳо – «C», «B», «A» ва «Pro»-ро баргузор кунад, инчунин мувофиқи талаботи Конвенсияи мураббигии КФО диплом ва иҷозатномаҳои дахлдор диҳад.
Ҳамин тариқ, аввалин курсҳои мураббигӣ оид ба барномаи дипломи дараҷаи «Pro» дар Тоҷикистон, ки моҳи июли соли 2024 оғоз ёфта, моҳи ноябри соли ҷорӣ ба анҷом расиданд, аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё тасдиқи расмӣ гирифтанд.