Рӯзи 31 август, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумитаи назорати интизоми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон Ориф Ҷӯраев ҷаласаи навбатии Кумита баргузор шуд. Дар ҷаласа як қатор қоидавайронкуниҳо дар бозиҳои Лигаи касбии футзали Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, нисбат ба қоидавайронкунандаҳо тибқи Кодекси интизомии Лиаи мазкур қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Аз ҷумла, барои вайрон намудани банди 10, боби 5 Кодекси интизомии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон, ки иштироки бозигари барканоршударо дар вохӯрӣ ифода менамояд, ба дастаи “Соро компания” дар бозӣ муқобили “Самандар” (21 август) бохти техникӣ бо ҳисоби 0 бар 5 ва мутаносибан ба дастаи “Самандар” бурди техникӣ бо ҳисоби 5 бар 0 эълон карда шуд. Инчунин, дастаи “Соро компания” ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.
Дар ҷаласа, инчунин дигар қоидавайронкуниҳо дар Лигаи касбии футзали Тоҷикистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, қоидашиканҳо тибқи Кодекси интизомӣ муҷозот шуданд.