КФО мизбонии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занонаро ба Тоҷикистон бовар кард – Федерация Футбола Таджикистана

КФО мизбонии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занонаро ба Тоҷикистон бовар кард

Конфедератсияи футболи Осиё мизбонони бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаро тасдиқ кард.

Бозиҳои интихобӣ дар ҳашт кишвар: Тоҷикистон, Камбоҷа, Индонезия, Урдун, Мянмар, Тайланд, Ӯзбекистон ва Ветнам баргузор мешаванд.

Дар даври интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар маҷмуъ 33 тими миллии занона ширкат мекунад. Аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил карда мешавад: як гурӯҳ аз панҷ даста ва ҳафт гурӯҳ аз чор дастаӣ иборат хоҳанд буд.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои занона аз 23 июн то 5 июли соли равон баргузор мешавад. Рақибони мунтахаби занонаи Тоҷикистон рӯзи 27-уми март дар маросими қуръакашии марҳилаи интихобӣ маълум мешаванд.

Назари худро бинависед