Конфедератсияи футболи Осиё кишварҳоеро, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни духтарони то 17-соларо мизбонӣ мекунанд, эълон кард.
Бозиҳои даври интихобӣ дар ҳашт кишвар: Тоҷикистон, Урдун, Қирғизистон, Мянмар, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Тайланд ва Ветнам баргузор мешаванд.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17 сола 27 даста ширкат мекунад. Дар қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил карда мешавад: се гурӯҳ аз чор даста ва панҷ гурӯҳ аз се даста иборат мегардад.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни тимҳои наврасони то 17-сола аз 13 то 17 октябр баргузор мешавад. Рақибони дастаи духтарони Тоҷикистон дертар маълум мешаванд.