Қаҳрамони Тоҷикистон, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дуюмин ғалабаи пайиҳами худро дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 ба даст овард.
Дастаи «Истиқлол» дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бар тими «Ал-Завраа»-и Ироқ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои Амирбек Ҷӯрабоев ва Шон Пол Комолафе ба бошгоҳи шаҳри Душанбе се имтиёз оварданд.
Пас аз се давр дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо 9 имтиёз дар гурӯҳи «А» пешсаф аст. «Истиқлол» бо шаш имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дорад. «Ал-Завраа» се хол дошта, «Гоа» то ҳол ягон имтиёз ба даст наовардааст.
Қаҳрамони Тоҷикистон рақобати навбатии худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 дар меҳмонӣ бо тими «Ал-Завраа» анҷом медиҳад. Ин бозӣ 5 ноябр дар Бағдод доир мешавад.