Қаҳрамонии феълии футболи кишвар “Истиқлол”-и Душанбе баромадашро дар бонуфузтарин мусобиқаи бошгоҳии осиёӣ – Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 сазовор анҷом кард. Дастаи мо дар марҳилаи 1/8 ниҳоии мусобиқа аз “Персеполис”-и Эрон бо ҳисоби минималии 0:1 мағлуб шуд.
Бозӣ рӯзи сешанбеи 14-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳухури бештар аз 17 ҳазор тамошобин баргузор гашт. Голи ягона ва ғолибиро дар дақиқаи 90-уми вохӯрӣ Маҳдӣ Торобӣ зад.
Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021
1/8 финал
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Персеполис» (Эрон) – 0:1
Гол: Маҳдӣ Тораби, 90.
«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Муҳриддин Ҳасанов, Манучеҳр Сафаров, Алексей Ларин, Ваҳдат Ханонов, Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров (Шервони Мабатшоев, 88), Амирбек Ҷӯрабоев, Алишер Ҷалилов, Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Манучеҳр Ҷалилов.
Огоҳонида шуданд: Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»), Фаршад Фараҷӣ, Милод Сарлак («Персеполис»).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Маҳди Торабӣ («Персеполис»).
14 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 17 200 тамошобин.