Имрӯз, 18 октябр дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи шӯрои мураббиён баргузор шуда, дар он ҳисоботи сармураббиёни дастаҳои мунтахаби кишвар дар бораи корҳои анҷомдодашуда дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ шунида шуд.
Дар кори шӯрои мураббиён дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов ва директори техникии ФФТ Салоҳиддин Ғафуров ширкат доштанд.
Сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов оид ба омодагӣ ва баромади даста дар 18-умин Ҷоми Осиё оид ба футзал гузориш дод. Дар чемпионати Осиё дар Кувайт тими мо ба чорякфинал баромад ва дар ниҳоят мақоми панҷумро гирифт.
Сипас гузориши сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Аҳлиддин Турдиев ва сармураббии мунтахаби наврасони кишвар (U-17) Раҳматулло Фузайлов шунида шуд. Пас аз ҷамъбасти марҳилаҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки дар Душанбе баргузор шуданд, ҳарду дастаи мо ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ ёфтанд.
Ҳамчунин, сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон аз нақшаҳои худ барои моҳҳои оянда гуфтанд. Пас аз ҷаласаи шӯрои мураббиёни Федератсияи футболи Тоҷикистон миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.