Ҳамлагари 18-солаи дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва дастаи “Локомотив-Памир”-и Душанбе Ислом Зоиров айни ҳол дар дастаи премйер-лигаи Русия – “Химки”-қарор дорад.
Ислом Зоиров қобилияти ҳам дар хати нимҳимоя ва ҳам дар хати ҳуҷум бозӣ карданро дорад, Футболбози ҷавони тоҷик бо дастаи “Химки” то 16 декабр тамрин мекунад. Дар сурати бомуваффақият сипарӣ намудани марҳилаи азназаргузарӣ бо ӯ шартномаи пурра ба имзо расонида мешавад.
Бояд қайд кунем, ки сармураббии «Химки» собиқ бозингари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва дастаи “Помир”-и Душанбе – Игор Черевченко мебошад. Дастаи Игор Черевченко баъд аз понздаҳ даври мусобиқа дар ҷадвали премйер-лигаи Русия мақоми 12-умро ишғол менамояд.
Ёдрас мешавем, ки Ислом Зоиров дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё-2018 гардида, инчунин дар чемпионати ҷаҳон-2019 дар Бразилия низ ширкат варзидаст.