Конфедератсияи футболи Осиё қарор қабул намуд, ки тибқи он дар соли ҷорӣ мусобиқаҳои қаҳрамонии Осиё байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16 сола, ҷавонони то 19 сола ва инчунин қаҳрамонии байниқитъавӣ оид ба футзал баргузор намешаванд.
Бо дарназардошти номуайянӣ ва хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19 ва ҳифзи саломатӣ ва амнияти рақибон, Конфедератсияи футболи Осиё тасмим гирифт, ки мусобиқаҳои қаҳрамонии Осиё-2021 байни наврасони (U-16) ва ҷавонон (U-19)-ро бекор кунад. Баҳрайн ва Узбекистон ҳуқуқи мизбонии марҳилаҳои ниҳоии Ҷоми Осиёро дар байни наврасони (U-17) ва ҷавонони (U-20) дар соли 2023 нигоҳ доштанд.
Конфедератсияи футболи Осиё, инчунин мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиёро, ки мебоист аз 23 март то 3 апрели соли равон дар Кувайт баргузор мешуд, бекор кард. Тибқи қарори Конфедератсияи футболи Осиё, Кувайт ҳаққи баргузории 16-умин Ҷоми футзали Осиё дар соли 2022-ро, ки мунтахаби Тоҷикистон дар он бозӣ хоҳад кард, нигоҳ дошт.
Чемпионати Осиё-2021 оид ба футболи канори соҳилӣ, ки имсол дар Таиланд пешбинӣ шуда буд, соли 2023 дар Бангкок баргузор мешавад.