Имрӯз, 7 июн, дар варзишгоҳи «Panasonic Suita» дар Осака бозии даври нуҳуми марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни тимҳои миллии Ҷопон ва Тоҷикистон баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 19:30 ба вақти маҳалӣ (15:30 ба вақти Душанбе) шурӯъ шуда, тавассути Телевизиони “Варзиш” ба таври мустақим нишон дода мешавад.
Бозиро ҳайати доварон аз Қатар бо роҳбарии сардовар, рефери ФИФА Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷасим ҳакамӣ мекунанд. Нозири доварон Висва Натхан Кришнан аз Сингапур ва комиссари бозӣ Роберт Ҷон Торрес из Гуам мебошанд.
ҶҶ-2022
Марҳилаи дуюми интихобӣ.
Гурӯҳи «F». Даври 9-ум
7 июн (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 15:30 ба вақти Душанбе
Ҷопон – ТОҶИКИСТОН
Сардовар: Абулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷасим (Қатар).
Нозири доварон: Висва Натхан Кришнан (Сингапур).
Комиссари бозӣ: Роберт Джон Торрес (Гуам).
Осака, варзишгоҳи «Panasonic Suita»