Имрӯз, 7-уми июл мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси словенӣ Милош Костич дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Ҷалолобод ҷараён дорад, нахустин бозии худро анҷом медиҳад.
Мунтахаби ҷавонони мо дар даври дуюми гурӯҳи «А» бо тими миллии Афғонистон, ки дар оғози мусобиқот аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд, бозӣ мекунад.
Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Қурмонбек»-и Ҷалолобод баргузор шуда, соати 16:30 ба вақти Душанбе оғоз мегардад. Рақобатро шабакаи телевизионии «Футбол» мустақиман пахш месозад.
🏆 Чемпионати CAFA-2024 байни дастаҳои ҷавонон (U-20)
✔️ Гурӯҳи «А». Даври 2
📅 7 июл | якшанбе
⌚️ Бозӣ соати 16:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇦🇫 Афғонистон
🏟 Ҷалолобод, варзишгоҳи «Қурмонбек»