Имрӯз, 13 август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода («ТАЛКО-Арена») бозии плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 баргузор мешавад.
Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода барои роҳхат ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо тими «Аҳал»-и Туркманистон мубориза мебарад. Бозӣ соати 17:00 оғоз мешавад.
Агар вақти асосии бозӣ мусовӣ анҷом ёбад, ду қисми иловагии иборат аз 15 дақиқагӣ таъйин карда мешавад. Агар дар ин муддат ҳам ғолиб муайян нашавад, тибқи муқаррароти ФИФА зарбаҳои пеналти таъйин мегардад.