Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор мешавад

Имрӯз, 14 сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бозии ниҳоии 1XBet-Ҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор мешавад.

Дар бозии ҳалкунандаи Ҷоми кишвар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Эсхата»-и Хуҷанд вомехӯранд. Рақобат соати 17:00 оғоз мешавад.

Агар вақти асосии бозӣ мусовӣ анҷом ёбад, ду қисми иловагӣ иборат аз 15 дақиқагӣ таъйин карда мешавад. Дар сурати дар ин вақт ҳам муайян нагаштани ғолиб, бар асоси муқаррароти ФИФА силсилазарбаҳои 11-метра гузаронида мешавад.

Назари худро бинависед