Ифтитоҳи майдончаҳои нави футбол дар шаҳри Бохтар – Федерация Футбола Таджикистана

Ифтитоҳи майдончаҳои нави футбол дар шаҳри Бохтар

Бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар шаҳри Бохтар ду майдончаи нави футболи хурд сохта, ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳ аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ноиби президенти ФФТ Искандар Ҷалилов, котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов ва раиси шаҳри Бохтар Абдумаҷид Муминзод иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ду майдончаи варзишӣ туҳфаи муҳтарам Рустам Эмомалӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҷавонони шаҳри Бохтар мебошад.

Майдонча бо таҷҳизоти муосири варзишӣ муҷаҳҳаз буда, барои баргузории машғулиятҳои гуногун, аз ҷумла бозии футбол ва дигар намудҳои машқҳои ҷисмонӣ шароити хуб фароҳам овардааст.

Назари худро бинависед