Ноиб-қаҳрамони футболи Тоҷикистон, дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд баромади худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021, дар гурӯҳи «F» бо ғалаба анҷом кард. Дар бозии даври ҷамъбастӣ дастаи соҳили Сирдарё бар “Олой”-и Қирғизистон бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд. Голҳои задаи Дилшод Бозоров ва Абдулмуъмин Забиров “Хуҷанд”-ро ба пирӯзӣ расониданд.
Ҷоизадори медалҳои нуқраи қаҳрамонии футболи Узбекистон дастаи “Насаф”-и Қаршӣ бо 9 имтиёз аз се бозӣ мақоми аввалро дар гурӯҳ ишғол намуда, ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Акнун, дар бозии ниҳоии Минтақаи марказӣ “Насаф” бо “Аҳал”-и туркманистон, ки дар гурӯҳи “Е”, дар Бишкек мақоми аввалро касб кард, рақобат мекунад.
Ҷоми КФО-2021
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «F». Даври 3-юм
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон) – 2:0
Голҳо: Дилшод Бозоров, 27 (1:0). Абдулмӯъмин Забиров, 50 (2:0).
«Хуҷанд» (Хуҷанд, Тоҷикистон): Сӯҳробхӯҷа Юсупов, Максим Грек (Парвиз Боқиев, 71), Самандар Очилов, Фирдавс Чақалов, Наимҷон Ибрагимзода, Далер Ёдгоров, Абдулмӯъмин Забиров, Нозим Бобоҷонов (Алишер Баротов, 80), Эҳсон Бобоев (Ҳоҷибой Зиёев, 89), Артём Сердюк (Бахтиёр Чориев, 89), Дилшод Бозоров (Тоҳир Малодӯстов, 80).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).
20 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 4300 тамошобин.
«Насаф» (Узбекистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 2:0
Голҳо: Шоҳмалик Комилов, 27 – аз пеналти (1:0). Ҳусайн Норчаев, 35 (2:0).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҳусайн Норчаев («Насаф»).
20 май. Душанбе. Варзишгоҳи маказии ҷумҳуриявӣ. 750 тамошобин.
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | «Насаф» (Узбекистон) | 3 | 3 | 0 | 0 | 9-0 | 9 |
2 | «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) | 3 | 1 | 1 | 1 | 4-5 | 4 |
3 | «Олтин Асир» (Туркманистон) | 3 | 1 | 1 | 1 | 7-8 | 4 |
4 | «Олой» (Қирғизистон) | 3 | 0 | 0 | 3 | 4-11 | 0 |
Гурӯҳи «Е». Даври 3-юм
«РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон) – 0:3
Голҳо: Коджо, 17 (0:1). Абай Боколеев, 39 (0:2). Абай Боколеев, 83 (0:3).
20 май. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаков.
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | «Аҳал» (Туркманистон) | 2 | 2 | 0 | 0 | 5-1 | 6 |
2 | «Дордой» (Қирғизистон) | 2 | 1 | 0 | 1 | 3-2 | 3 |
3 | «РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН) | 2 | 0 | 0 | 2 | 1-6 | 0 |