Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад

Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон барои ҳакамии бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «E» байни яккачинҳои Сурия ва Афғонистон таъйинот гирифт.

Довари ФИФА Насруллоҳ Кабиров ҳамчун довари марказӣ интихоб шуд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Хусрави Сиддиқзод кӯмак мерасонанд. Довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов довари чорум хоҳад буд. Лам Чи Хо аз Ҳонконг кори дастаи доваронро назорат карда, Тоҳ Сенг Ни аз Малайзия комиссари бозӣ таъйин гардид.

Бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Сурия ва Афғонистон 31 март дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Назари худро бинависед