Сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон Горан Стеванович дар бораи натиҷаи бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили Филиппин изҳори назар кард. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ мунтахаби Тоҷикистон бори дуюм дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.
«Тавре ки мо интизор доштем, бозӣ бениҳоят душвор шуд. Имрӯз мо натавонистем баромади беҳтарини худро нишон диҳем, баъзе камбудиҳо буданд, аммо муҳимтар аз ҳама, мо ба натиҷа расидем ва ба финал баромадем. Ман мехоҳам аз даста барои садоқаташон изҳори сипос намоям – бачаҳо хислат, интизом нишон доданд ва то охир барои натиҷаи ниҳоӣ мубориза бурданд. Дар чунин бозиҳо муттаҳидӣ ва эътимод ба якдигар хеле муҳим аст ва даста имрӯз инро нишон дод.
Ташаккури зиёд ба мухлисони мо – дувоздаҳумин бозигари мо. Дастгирии онҳо дар ҷараёни вохӯрӣ ба мо қувват бахшид ва маҳз ба шарофати ин фазо даста тавонист натиҷаи дилхоҳро нигоҳ дорад. Мо ин қувваро аз нишастгоҳҳо эҳсос кардем ва на танҳо барои худамон, балки барои тамоми Тоҷикистон бозӣ кардем.
Инчунин мехоҳам ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки шароити беҳтаринро барои омодагии тим фароҳам овард, изҳори сипос намоям. Ин омили муҳим ҷиҳати ноил гаштани натиҷа буд. Ҳамчунин сипос ба ситоди мураббиёни қаблӣ – саҳми онҳо низ дар рушди даста ва муваффақияти мазкур назаррас аст», – гуфт Горан Стеванович пас аз рақобат.