Горан Стеванович: «Мо ба бозӣ хеле ҷиддӣ менигарем» – Федерация Футбола Таджикистана

Горан Стеванович: «Мо ба бозӣ хеле ҷиддӣ менигарем»

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Горан Стеванович интизориҳои худро аз бозии дуюм бо Малдив дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 иброз дошт.

«Мо мисли ҳарвақта омодагӣ мебинем. Бачаҳо аллакай ду тамринро дар Мале анҷом доданд ва имрӯз мо дар майдони асосии Варзишгоҳи миллӣ машқҳои расмии пеш аз бозиро доир мекунем. Эҳсос кардани сифати майдон ва баҳогузории сатҳи он хеле муҳим аст. 

Бачаҳо фориғбол нестанд. Мо ба бозӣ бо тамоми ҷиддият менигарем. Малдив дар ду соли охир бори аввал дар майдони худ бозӣ хоҳад кард ва ин бешубҳа ба ангезаи онҳо мусоидат мекунад. Мо инро мефаҳмем. Дар футбол бозии осон нест, махсусан вохӯриҳои сафарӣ. Мо танҳо барои пирӯзӣ ба майдон мебароем.

Ман аллакай ҳайати аввалияро нақша кардам. Рақобати аввалро таҳлил кардем ва шояд баъзе ислоҳот ворид кунем», – гуфт Горан Стеванович дар нишасти матбуотӣ.

Назари худро бинависед