Горан Стеванович: «Бозигарон талаботи моро фаҳмида истодаанд» – Федерация Футбола Таджикистана

Горан Стеванович: «Бозигарон талаботи моро фаҳмида истодаанд»

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Горан Стеванович бобати натиҷаи бозии даври интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили тими Малдив (3:0), ки дар шаҳри Мале баргузор шуд, ибрози назар кард. 

«Тавре ки мо интизор будем, бозии дуюм бо Малдив душвортар шуд. Бо вуҷуди ҳисоби калони ниҳоӣ сифати майдон ва ҳавои нам душворӣ ба миён оварданд. Илова бар ин, мо натавонистем ба чанд бозигар ба далели ҷароҳатҳо ва маҳрумиятҳо умед бандем. Ба ин нигоҳ накарда, ман аз бозии даста қаноатмандам. Барои омодагӣ вақти хеле кам доштем, аммо ҳамакнун футболбозон талаботи моро дарк мекунанд. Дар ду рақобат мо панҷ гол задем – дастаро ба ин хотир табрик мекунам. Фикр дорам, ки кори калон ба сомон расонида шуд. Ҳоло мо ба бозии сафарӣ бо Тимори Шарқӣ, ки 18 ноябр дар Австралия баргузор мешавад, омода мешавем», – гуфт Стеванович.

Горан Стеванович ҳамчунин гуфт, ки дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли равон шояд тағйирот шавад: 

«Мо мунтазири бозгашти онҳое ҳастем, ки дар бозиҳои моҳи октябр иштирок накарданд. Инчунин вохӯриҳои чемпионати Тоҷикистон, бозиҳои дастаи «Истиқлол»-ро дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО ва баромади «Регар-ТадАЗ»-ро дар Лигаи даъват бодиққат назорат хоҳем кард. Ба бошгоҳҳои мо дар мусобиқоти байналмилалӣ ва расидан ба ҳадафҳояшон комёбӣ таманно дорам», – афзуд ӯ.

Назари худро бинависед