Гела Шекиладзе: «Мо ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 омодагӣ мебинем» – Федерация Футбола Таджикистана

Гела Шекиладзе: «Мо ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 омодагӣ мебинем»

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе интизориҳои худро аз бозии дӯстонаи дарпешистода бо тими миллии Афғонистон, ки рӯзи 19 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, иброз дошт.

 

Гела ШЕКИЛАДЗЕ, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон: 

– Бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Непал ва Афғонистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми интихобии Ҷоми Осиё-2027 мебошад, ки моҳи марти соли оянда шуруъ мешавад. Дар марҳилаи интихобӣ рақибони мунтахаби мо тақрибан дастаҳои ҳамин сатҳ хоҳанд буд. Баъди шикаст аз Непал дастаи Афғонистон бо қувваи дучанд бо мо бозӣ мекунад. Ба рақобати дар пешистода тайёрем. Медонем, ки бозӣ осон нахоҳад буд, моро бозии душвор интизор аст. Вале фақат дар бораи ғалаба фикр мекунем ва мехоҳем, ки солро бо ғалаба ҷамъбаст намоем. Мисли дар бозӣ бо Непал мо ба дастгирии мухлисонамон умед мебандем. Дар варзишгоҳ ҳузур доштани онҳо ба мо қувваи иловагӣ мебахшад.

Назари худро бинависед