Гела Шекиладзе фаъолиятро дар тими миллии Тоҷикистон идома медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Гела Шекиладзе фаъолиятро дар тими миллии Тоҷикистон идома медиҳад

Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи ҳамкориро бо мутахассиси гурҷӣ-белгиягӣ Гела Шекиладзе тамдид кард.

Мутахассиси 53-сола аз моҳи феврали соли ҷорӣ тими миллии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад. Шекиладзе вазифадор шудааст, ки дастаро ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 барорад.

«Ман аз роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои эътимодашон миннатдорам. Мо омодагиро ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 моҳи сентябр дар Малайзия бо ширкат дар мусобиқа шуруъ мекунем. Сипас, дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи октябр тими миллии Тоҷикистон дар Тайланд дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок меварзад. Ҳамчунин дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи ноябр вохӯриҳои санҷишӣ ба нақша гирифта шудаанд. Мо ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 ҷиддӣ омода хоҳем шуд, чунки назди даста вазифа гузошта шудааст, то ба қисми ниҳоии чемпионати Осиё роҳ ёбад», – гуфт Гела Шекиладзе, сармураббии тими миллии Тоҷикистон.

Назари худро бинависед