Фурӯши чиптаҳои бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои Тоҷикистон – Покистон – Федерация Футбола Таджикистана

Фурӯши чиптаҳои бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои Тоҷикистон – Покистон

Ба иттилои ҳаводорони футбол, ки мехоҳанд дар Душанбе дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Покистон ширкат кунанд.

Аз имрӯз чиптаҳои бозӣ дар хазинаҳои Варзишгоҳи марказии Душанбе дастрасанд. Нархи як чипта 30 сомонӣ мебошад. Чиптаҳоро аз платформаи echipta.tj (https://echipta.tj/groups_event.php?group_id=1558&org=33&date=2024-06-11) низ харидан мумкин аст. Барои маълумоти бештар ба рақами 904440118 муроҷиат кунед.

Қобили зикр аст, ки бозии ниҳоии даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Покистон рӯзи 11-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гашта, соати 20:00 шуруъ мешавад.

 

🏆 Ҷоми ҷаҳон-2026. Мусобиқаи интихобӣ

Даври дуюм. Гурӯҳи «G»

️ Бозии даври 6-ум

📅 11 июн (сешанбе)

️ Оғоз – соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇵🇰 Покистон

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед