Дар сохтори Федератсияи футболи Тоҷикистон тағйирот ба амал омад. Давлматманд Исломов бо сабаби ба кори дигар гузаштан вазифаи дабири кулли ФФТ-ро тарк кард.
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Давлатманд Исломов изҳори сипос намуда, ба ӯ дар вазифаи наваш дар сохтори ФФТ комёбӣ таманно мекунад.
Фурқат Ахмедҷонов, ки қаблан роҳбарии Лигаи футболи бонувон ва Лигаи футзали Тоҷикистонро бар уҳда дошт, дабири кулли ФФТ таъйин шуд.
Фурқат Ахмедҷоновро барои ба чунин вазифаи масъулиятнок таъйин шуданаш табрик гуфта, ба ӯ барору комёбиҳо таманно дорем!