ФФТ ва ширкати «Рахш Такси» шартномаи ҳамкориро тамдид карданд – Федерация Футбола Таджикистана

ФФТ ва ширкати «Рахш Такси» шартномаи ҳамкориро тамдид карданд

Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи ҳамкориро бо ширкати пешбари такси дар кишвар – ширкати «Рахш Такси» тамдид кард.

Имрӯз, 6 апрел дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов ва директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сайёҳон» Мурод Назаров созишномаи тамдиди ҳамкориро имзо карданд. Ҳадафи асосии марҳилаи нави ҳамкориҳо рушди ҳамаҷонибаи футбол дар кишвар мебошад.

Бояд гуфт, ки ширкати «Рахш Такси» аллакай чор сол боз бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судманд дорад.

Назари худро бинависед