Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ташаббуси Арабистони Саудӣ барои мизбонии Ҷоми ҷаҳон дар соли 2034 пуштибонӣ мекунад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон талошҳои Арабистони Саудиро дар рушди футбол ва инфрасохтори футболӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, итминон дорад, ки Арабистони Саудӣ метавонад Ҷоми ҷаҳон-2034-ро дар сатҳи баланди ташкилӣ мизбонӣ кунад.