ФФТ тарҳи мавсими нави футзалро бо дастаҳо муҳокима намуд – Федерация Футбола Таджикистана

ФФТ тарҳи мавсими нави футзалро бо дастаҳо муҳокима намуд

Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарон, намояндагони дастаҳо ва ҷомеаи футзал вохӯрӣ баргузор намуд, ки дар он тарҳи мавсими нави футзал дар кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ин мулоқот ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода, котиби генералии ФФТ Давлатманд Исломов, директори нави Лигаи футзали Тоҷикистон Фурқат Аҳмадҷонов ва инчунин намояндагони дастаҳои футзали кишвар ширкат варзиданд.

Ҳадафи аслии нишасти имрӯза роҳандозии ҳамкориҳои наздиктар бо тимҳои футзали Тоҷикистон, табодули иттилоот аст. Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки мавсими нави Лигаи касбии футзали Тоҷикистон моҳи июн оғоз меёбад. Роҳбарияти Лигаи футзали Тоҷикистон нақша дорад, ки шумораи дастаҳои иштирокчии қаҳрамонии имсолаи футтзалро зиёд кунад.

Яке аз масъалаҳои муҳими ҷаласа мавзуи иҷозат додани бозингарони дастаҳои лигаи касбии футзали Тоҷикистон ба мусобиқаҳои ҳаваскорон, ба монанди Ҷоми шаҳрдории Душанбе, Ҷоми вазири корҳои дохилии ҶТ, Ҷоми КФ “Истиклол”, Ҷоми “Рахш-Такси” ва дигар мусобиқаҳои дӯстдорони футзал буд. Бо пешниҳоди Лигаи касбии футзали Тоҷикистон, аз мавсими имсола сар карда, дастаҳое ки дар мусобиқаҳои ҳаваскорон ширкат мекунанд, метавонанд ба дархостномаашон на бештар аз ду нафар футболбозеро, ки дар лигаи касбии футзали кишвар бозӣ мекунанд, дохил намоянд.

Ғайр аз ин, масъалаи иҷозат додани футболбозони лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон ва лигаи касбии футзалро барои иштирок дар мусобиқаи анъанавии футзали ёдбуди Александр Кирсанов, ки ҳамасола моҳи декабр баргузор мешавад, баррасӣ карданд.

Мулоқот дар фазои созанда, дар шакли муколамаи кушод баргузор гардид. Иштирокчиён ба саволҳои худ посух гирифтанд ва андешаҳои худро оид ба баргузории мусобиқаҳои футзал ҳам дар байни мутахассисон ва ҳам дар байни ҳаваскорон иброз доштанд.

 

Назари худро бинависед