Шавқу рағбати мардум ба футбол маҳдудияти синну солӣ надорад ва баъзан вақт на танҳо ҷавонон, писарону духтарон, балки бобоёну бибиҳо низ дӯстдори варзиши рақами яки ҷаҳонанд. Шинос шавед – бибӣ Зебо Солиевна Алиева, мухлиси 89-сола, ки дар Ҷоми Осиё-2023 аз тими миллии Тоҷикистон самимона мухлисӣ кард.
Дар остонаи Рӯзи Модар намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ба аёдати мухлиси 89-сола рафта, ба ӯ гулдаста ва тӯб бо имзои бозигарони тими миллии Тоҷикистонро тақдим карданд. Дар навбати худ Зебо Солиевна ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои чунин таваҷҷуҳ изҳори сипос намуда, ба тими миллии Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 комёбиҳо таманно кард.