Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҳамкориҳоро идома медиҳанд – Федерация Футбола Таджикистана

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҳамкориҳоро идома медиҳанд

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «МегаФон Тоҷикистон» созишномаи нави шарикиро имзо карданд. Маросими имзои қарордод дар варзишгоҳи «Душанбе-Арена» баргузор шуд.

Созишномаро ноиби президенти ФФТ Искандар Ҷалилов ва директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников имзо карданд.

Дар доираи ҳамкорӣ ҷонибҳо баргузории як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтаанд. Аз ҷумла, мусобиқаи футзал, фестивалҳои футбол барои кӯдакон дар тамоми манотиқи кишвар, мусобиқаи «МегаФон U-12» дар Душанбе.

Қобили зикр аст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар ва ширкати «МегаФон Тоҷикистон» як силсила мусобиқоти футболи «МегаФон Life дар услуби футбол»-ро имсол дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Ваҳдат, Ҳисор, Истаравшан, Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд, инчунин дар навоҳии Файзобод ва Шаҳринав баргузор намуд. Дар мусобиқаҳо 216 даста бо шумули зиёда аз 3 ҳазор нафар иштирок карданд.

Назари худро бинависед