Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
Маросими имзои созишнома имрӯз, 18 апрел дар дафтари «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Қарордодро ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва раиси Раёсати ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» Андрей Палка имзо карданд.
Пас аз имзои созишнома ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов шарики навро ба сафи ҳамкорон шодбош гуфта, ба ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» муваффақият таманно намуд.
Раиси Раёсати ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» Андрей Палка дар навбати худ Федератсияи футболи Тоҷикистонро бо баромади муваффақи дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Осиё-2025 табрик гуфта, ба даста дар Ҷоми ҷаҳон-2025 пирӯзиҳо орзу кард.