Федератсияи футболи Тоҷикистон ва «АктивБонк» созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва «АктивБонк» созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва яке аз бонкҳои Тоҷикистон «АктивБонк» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд.

Имрӯз, 28 феврал маросими имзои қарордод дар дафтари «АктивБонк» воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Созишномаро ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов ва раиси раёсати ҶСК «АктивБонк» Исмоил Ҷӯраев имзо карданд.

Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов дар маросими имзои қарордод чунин зикр намуд: «Мо аз шомил шудани «АктивБонк» ба сафи шарикони ФФТ, ки зиёда аз даҳ сол боз дар Тоҷикистон бомуваффақият фаъолият мекунад, шодем».

Раиси раёсати ҶСК «АктивБонк» Исмоил Ҷӯраев дар навбати худ қайд намуд, ки бонки онҳо аз ҳамкорӣ бо фаъолтарин ва муваффақтарин федератсияи варзиши Тоҷикистон хушҳол аст.

«Бонки мо низ аз ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон шод аст. Ман баромади тими миллии Тоҷикистонро, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар бомуваффақият баромад карда, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт, пайгирӣ мекардам. Итминон дорам, ки ҳамкориҳои мо бо ФФТ пурсамар ва муассир хоҳад буд», – қайд кард роҳбари «АктивБонк» Исмоил Ҷӯраев.

Назари худро бинависед