Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми футзали Осиё-2026 қадрдонӣ намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми футзали Осиё-2026 қадрдонӣ намуд

16 феврал дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими супоридани сипоснома ба довари ФИФА оид ба футзал Суҳроб Сатторов, ки бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2026-ро ҳакамӣ кард, баргузор шуд.

Дар Ҷоми футзали Осиё-2026, ки чанд рӯз қабл дар Индонезия ба анҷом расид, Суҳроб Сатторов бори аввал фаъолият намуд. Дар аввалин мусобиқаи қитъавии худ довари Тоҷикистон касбияти баланд ва доварии олиро нишон дод.

Эътирофи кори муваффақонаи ӯ ин таъйин шудан ба вазифаи довари бозии ниҳоии мусобиқа байни яккачинҳои Эрон ва Индонезия буд. Ҳакамии Сатторов дар бозии ҳалкунандаи Ҷоми Осиё ҳам барои худи ӯ ва ҳам барои тамоми ҷомеаи футзали Тоҷикистон як дастоварди назаррас аст.

Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов Суҳроб Сатторовро бо анҷоми муваффақонаи мусобиқа табрик гуфта, қайд кард, ки ҳунарнамоии ӯ дар Ҷоми Осиё далели сатҳи баланди омодагии доварони мост.

Довар Суҳроб Сатторов дар навбати худ аз роҳбарияти ФФТ барои эътимод ва дастгириашон изҳори сипос кард.

Назари худро бинависед