Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳумро байни ду федератсияи миллӣ имзо намуданд. Созишнома аз ҷониби Котиби генерлии ФФТ Давлатманд Исломов ва Котиби генералии ФФАС Иброҳим Ал-Қосим ба тасвиб расид.
Дар доираи Ёддошти имзошуда Котиби генералии Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ Иброҳим Ал-Қосим хоҳиши густариш додани ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистонро изҳор намуда, ба рушди футболи тоҷик дар солҳои охир баҳои баланд дод.
Дабирони кулли Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои ду Федератсияи миллиро баррасӣ карданд ва ҳамчунин барои баргузории бозиҳои дӯстона байни тимҳои мухталифи ду кишвар розӣ шуданд.