Нимҳимоятгари 18-солаи тими олимпии Тоҷикистон (U-23) Фатҳулло Олимзода фаъолияти худро дар бошгоҳи «Атирау», ки дар премйер-лигаи Қазоқистон баромад мекунад, идома медиҳад.
Олимзода нимаи аввали мавсимро дар ҳайати «Равшан»-и Кӯлоб гузаронд.
Фатҳулло Олимзода моҳи март ба ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2023 даъват шуда буд, вале ба далели ҷароҳат дар қисми ниҳоии мусобиқот бозӣ карда натавонист.
Қобили зикр аст, ки қаблан футболбози дигари тоҷик Хусрав Тоиров, ки моҳи марти соли ҷорӣ бозигари тими «Шахтёр»-и Украина шуд, дар «Атирау»-и Қазоқистон ҳунарнамоӣ мекард.