Эҳсони Панҷшанбе ва Шервонӣ Мабатшоев ба сафи бошгоҳи «Теренгану»-и Малайзия пайвастанд – Федерация Футбола Таджикистана

Эҳсони Панҷшанбе ва Шервонӣ Мабатшоев ба сафи бошгоҳи «Теренгану»-и Малайзия пайвастанд

Нимҳимоятгарони тими миллии Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе ва Шервонӣ Мабатшоев фаъолияти худро дар дастаи «Теренгану»-и Малайзия идома медиҳанд. 

Ҳарду ба ҳайси футболбози озод ба даста ҳамроҳ шуданд. «Теренгану» айни замон дар Суперлигаи Малайзия ҷойи панҷумро ишғол мекунад. 

Мавсими гузашта Эҳсони Панҷшанбе дар дастаҳои «Суғдиёна»-и Ҷиззах ва «Истиқлол»-и Душанбе баромад карда буд. Шервонӣ Мабатшоев дар мавсими 2025 дар дастаҳои «Капаз»-и Озарбойҷон ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳунарнамоӣ намуд. 

Эҳсони Панҷшанбе аз соли 2016 дар дастаи миллии Тоҷикистон бозӣ карда, дар 67 вохӯрӣ 8 гол задааст. Шервонӣ Мабатшоев аз соли 2018 ба мунтахаби кишвар даъват гашта, дар 39 бозӣ 13 голро марбути номи худ намудааст.

Назари худро бинависед