Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар сомонаи расмии худ эълон кард, ки ду намояндаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳайати кумита ва комиссияҳои навшудаи ин созмон шомил шуданд.
Котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов узви Кумитаи варзишгоҳҳо ва бехатарии ФИФА шуда, мутахассиси Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон Наталя Сотникова шомили Кумитаи рушди техникии ФИФА гардид.
Ин кумитаҳои ФИФА барои чаҳор сол – аз соли 2025 то 2029 фаъолият хоҳанд кард.