Бо даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати доварони Ӯзбекистон бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистон ва Афғонистонро, ки рӯзи 19 ноябр дар Душанбе баргузор мешавад, доварӣ мекунанд.
Довари ФИФА Аҳрол Рисқуллоеви 39-сола довари марказии рақобат хоҳад буд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА – Андрей Тсапенко ва Тимур Гайнуллин кӯмак мекунанд. Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло аз Тоҷикистон довари эҳтиётӣ таъйин шуд. Рустам Абдуллоев кори ҳайати доваронро назорат мекунад ва Фаридун Аттоев комиссари дидор интихоб гардид.
Қобили зикр аст, ки бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 19 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мешавад.