Доварони Тоҷикистон дар семинари элитаи КФО ширкат карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони Тоҷикистон дар семинари элитаи КФО ширкат карданд

Дар семинари доварони элитаи минтақаи ғарбии Конфедератсияи футболи Осиё, ки дар Қатар ба анҷом расид, чаҳор довар аз Тоҷикистон ширкат кард.

Дар ин семинар кишвари моро доварони ФИФА Гулмуроди Саъдулло, Насрулло Кабиров, Сайёдҷон Зайниддинов ва Абдулло Давлатов намояндагӣ намуданд.

Барномаи панҷрӯзаи семинар аз машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буд. Доварон дар бораи тағйироти охирини қоидаҳои бозӣ ва татбиқи онҳо маълумоти нав гирифтанд.

 

Назари худро бинависед