Довари ФИФА Суҳроб Сатторов довари марказии бозии ниҳоии мусобиқаи футзал дар сеюмин Бозиҳои осиёӣ-2025 миёни наврасон, ки дар Баҳрайн баргузор мешавад, таъйин шудааст.
Бозии мазкур имрӯз, 30 октябр дар Манама байни дастаҳои Эрон ва Афғонистон доир мешавад.
Қаблан довари тоҷик Сӯҳроб Сатторов се рақобатро дар Бозиҳои осиёӣ-2025 ҳакамӣ кардааст: Афғонистон – Ӯзбекистон (10:2), Афғонистон – Чин (4:1) ва Баҳрайн – Афғонистон (0:7).