Сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов комиссари бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни тимҳои миллии Қатар ва Урдун таъйин шуд.
Бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 10 феврал дар варзишгоҳи «Лусаил»-и Доҳа баргузор шуда, соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Дар бозии финалӣ дастаҳои Урдун ва Қатар ба ҳам меоянд. Ин ду мунтахаб рақиби тими миллии Тоҷикистон буданд. Дастаи мо дар даври гурӯҳии мусобиқот аз тими миллии Қатар (0:1) ва дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 аз мунтахаби Урдун (0:1) шикаст хӯрд.
Қобили зикр аст, ки Давлатманд Исломов қаблан дар 9 бозии Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа ба ҳайси комиссар кор кард. Комиссари рақобатҳои АМА – Ҳонконг (3:1), Малайзия – Урдун (0:4), Ҳонконг – Эрон (0:1), Баҳрайн – Малайзия (1:0), Эрон – АМА (2 :1), Кореяи Ҷанубӣ – Малайзия (3:3), Арабистони Саудӣ – Кореяи Ҷанубӣ (1:1, аз рӯйи пеналти – 2:4), Қатар – Ӯзбекистон (1:1, аз рӯйи пеналти – 3:2) ва Эрон – Қатар (2:3) буд.