Дастаи «ТВ Варзиш+ТВ Футбол» барандаи Ҷоми ФФТ-2025 гардид, ки бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол роҳандозӣ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи «ТВ Варзиш+ТВ Футбол» барандаи Ҷоми ФФТ-2025 гардид, ки бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол роҳандозӣ шуд

Имрӯз, 15 май дар шаҳри Душанбе мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025, ки бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол доир шуд, ба анҷом расид.

Ҳашт даста иборат аз кормандони бахшҳои мухталифи Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар, Лигаи футболи бонувон ва Лигаи футзал, инчунин дастаҳои «ТВ Варзиш+ТВ Футбол» ва «Доварони Тоҷикистон» давоми ду ҳафта бо ҳам мубориза бурданд.

Баъди даври гурӯҳӣ чаҳор даста ба плей-офф роҳ ёфт.

Дастаи «Легенда» дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд.

Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои «ТВ Варзиш+ТВ Футбол» ва «Доварони Тоҷикистон» вохӯрданд. Вақти асосӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Дар зарбаҳои пеналти бозигарони «ТВ Варзиш+ТВ Футбол» маҳорати воло нишон дода – 4:2, дар ниҳоят барандаи Ҷоми ФФТ-2025 гардиданд.

Назари худро бинависед