Барандаи Ҷоми Тоҷикистон дастаи «Регар-ТадАЗ» бозии дуюми худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО- 2025/26 дар шаҳри Бишкек анҷом дод.
Дар даври дуюм «Регар-ТадАЗ» бо дастаи «Ал-Араби»-и Кувайт рақобат кард. Дастаи шаҳри Турсунзода дар қисми якум бо ҳисоби 1:0 пешсаф буд, аммо натавонист бартарии худро нигоҳ дорад ва дар ниҳоят бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.
«Регар-ТадАЗ» акнун дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26 бо дастаи «Сафо»-и Лубнон рӯбарӯ хоҳад шуд. Ин бозӣ рӯзи 31 октябр баргузор мешавад.