Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ширкат хоҳад кард – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ширкат хоҳад кард

Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар мусобиқаи байналмилалии «The U-23 Tri Nation International Football Tournament 2026», ки дар Ҳиндустон сурат мегирад, ширкат хоҳад кард.

Дар давоми мусобиқа дастаи олимпии мо бо тимҳои Бутан (25 март) ва Ҳиндустон (31 март) бозӣ мекунад. Ҳамаи вохӯриҳо дар варзишгоҳи «Golden Jubilee Stadium»-и шаҳри Юпия баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби олимпии Тоҷикистон соли оянда дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 иштирок менамояд.

Назари худро бинависед