Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври дуюми Ҷоми ҷаҳон-2025 бо ИМА бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври дуюми Ҷоми ҷаҳон-2025 бо ИМА бозӣ мекунад

Имрӯз, 8 ноябр дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бозии дуюми худро дар Ҷоми ҷаҳон-2025, ки дар Қатар ҷараён дорад, анҷом медиҳад.

Дастаи мо бо тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки мунтахаби Буркина Фасоро дар даври аввали мусобиқа бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Вохӯрӣ дар майдони 2-юми Маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа баргузор гашта, соати 17:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:45 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Назари худро бинависед