Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) барои ҷойи сеюми чемпионати CAFA-2024 бо тими Эрон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) барои ҷойи сеюми чемпионати CAFA-2024 бо тими Эрон бозӣ мекунад

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Душанбе дар доираи мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бозии дуюми худро анҷом дод.

Наврасони Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии чемпионати CAFA-2024 аз ҳамсолони худ аз Афғонистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда, дар гурӯҳи «А» мақоми дуюмро касб карданд.

Дар гурӯҳи «В» мунтахаби Ӯзбекистон бар тими Эрон пирӯз шуд – 1:0.

Ба ин тартиб, дар финали мусобиқаи CAFA-2024 рӯзи 24-уми август тимҳои наврасони Афғонистон ва Ӯзбекистон рақобат мекунанд. Дастаҳои Тоҷикистону Эрон рӯзи 23 август дар бозӣ барои ҷойи сеюм ба ҳам меоянд. Дар рақобати тасаллобахш барои ҷойҳои 5-6 мунтахабҳои Қирғизистон ва Туркманистон вомехӯранд.

Назари худро бинависед